ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид

Март 17, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 25 марти соли 2023 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иброз намуданд, ки мо бояд ба яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти давлатҳоямон вобастагӣ дорад, яъне масъалаи об ва оби ошомиданӣ дар сатҳи сайёра тавваҷуҳи махсус дошта бошем. Сарвари давлат дар суханрониҳояшон дар мавриди масъалаҳои глобалии об ва обшавии босуръати пиряхҳо доимо таъкид менамоянд, ки идома ёфтани ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мегузорад. Дар баробари обшавии пиряхҳо масъалаи дигари муҳим дар ин самт ифлосшавии пиряхҳо аз ҳисоби партовҳои корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.  Дар мақолаи дотсент, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳаким Ғаюров  ин масъала мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст, ки пешкаши хонандагон менамоем.

— Ях ҷузъи биосфера ҳисобида шуда, бо моддаҳои дорои хусусияти геосфера алоқаманд аст. Дар форматсияҳои ях равандҳои мураккаби биогеохимикӣ ба амал омада, барои организмҳои фототрофӣ ва гетеротрофӣ ҷойҳои махсуси экологӣ ташаккул меёбанд. Консентратсияи моддаҳои заҳролуд дар минтақаи алоқамандии обу ях дар давраи зимистон баррасӣ мешавад. Дар мисоли дарёҳо, ки тақсимоти моддаҳои ифлоскунанда дар ях пас аз садамаҳои техногенӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуқуъ меоянд. Донишҳои дақиқи фаъолияти биосферӣ омӯзиши муфассали мавқеи материяи зиндаро дар равандҳои гуногуне, ки дар ҳамаи қисмҳои таркибии он: атмосфера, литосфера ва гидросфера ба амал меоянд, дар бар мегирад. Мавҷудияти ҳаёт дар тамоми ҷузъҳои сохтории биосфера, бешубҳа исбот шудааст. Бо вуҷуди ин, аксар вақт мутахассисони соҳаҳои гуногун равандҳои мураккаби биогеохимикиро аз ҳамдигар дар алоҳидагӣ баррасӣ менамоянд, ки ин ба фаҳмиши умумӣ ва ягона аз нуқтаи назари ҳолати ҷузъҳои он монеа мешавад.

Маълум аст, ки ташаккули сифати об дар гидросфера дар зери таъсири омилҳои сершумори эндогенӣ ва экзогенӣ мегузарад. Вақтҳои охир диққати асосӣ ба омӯзиши равандҳои биохимиявӣ дар минтақаҳои алоқаманди гидросферӣ: обу ҳаво, обу ях дода мешавад. Ягонагии фазо –вақт дар гидросфера хусусияти мавсимии таъсири омилҳои алоҳида, омӯзиши актуалии равандҳои пиряхӣ ва биохимиявӣ дар ях ба амаломадаро муайян менамояд. Ях ба сифати монеаи биогеохимикӣ дар байни геосфераҳои гуногун нақши махсус мебозад. Дар таъсири мутақобилаи байни атмосфера ва гидросфера ях ҳамчун муҳаррики тавонои моддаҳои захрнок баромад менамояд. Фаҳмиши мо дар бораи нақши ях дар фаъолияти биосфера тавассути истифодаи равиши геоэкологӣ ва мӯзиши он, махсусан агар мо ба ҷузъи органикии ях ва «материяи зинда» диққат диҳем, боз ҳам возеҳ мегардад. Худи фаҳмиши геоэкологӣ ҳамчун илми байнисоҳавӣ, ки «функсияҳои экологии сфераҳои абиотикии Замин, қонунияти башаклдарорӣ ва тағйирёбии фазо ва вақт дар зери таъсири сабабҳои табиӣ ва техногении алоқаманд»-ро меомӯзад, бо он муайян мешавад, ки таркибҳои фазавии бартарияти қисми моддаи литосфера, гидросфераи рӯизаминӣ ва атмосфера ба куллӣ фарқ менамоянд. Бинобар ин шароити муҳити зисти дар онҳо мавҷуда ба гуногунии биологии биосфера таъсири калон мерасонад. Дар байни геосфераҳо, криосфера ва ташаккули хоси геохимиявии он ях мавқеи махсусро ишғол менамояд. Истифодаи ях ҳамчун объекти омӯзиши ҳолати экологӣ ва махсусан дарёҳо, кӯлҳо ва баҳрҳо имкон медиҳад, ки ба як қатор саволҳои марбут ба арзёбии таъсири глобалӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ифлосшавии сатҳи гидросфера ҷавоб дода шавад.

Бо назардошти консепсияи В. Вернадский оид ба таъсири мутақобилаи ҷузъҳои сохтории биосфера метавон гуфт, ки ҳамаи ин геосфераҳо дар ташаккули таркиби химиявии ях бевосита иштирок менамоянд. Ҳамин тавр, ба атмосфера партофтани моддаҳои ифлоскунандаи гуногуни саноатӣ ва карбогидридҳои пайдоиши пирогенӣ боиси олуда шудани қабатҳои рӯизаминии ях мегардад. Яхро «архив»-и пайвастагиҳои химиявие, ки давоми якчанд аср дар атмосфера муҳоҷират мекунанд, меноманд. Ифлосшавии баҳрҳои арктикӣ ва ҷузъҳои онҳо (об, таҳшинҳои поёнӣ, яхҳо, гидробионтҳо) бо шаклҳои хлорорганикӣ, инчунин дар натиҷаи интиқоли атмосфера ва обҳои дарёҳо аз минтақаҳои нимкураи шимолӣ ба амал меояд. Омӯзиши қабат ба қабати ях дар шимоли минтақаи Уқёнуси Ором имкон медиҳад, ки ба воситаи «сигналҳои химиявӣ» –и динамикаи эмиссия таҳшинии ионҳои оҳанро, ки аз Осиё дар вақти тӯфонҳо меоянд, тасвир намояд. Яхҳои Аляска барои барқарор кардани на танҳо иқлим, балки хусусияти таназзули хок низ истифода мешаванд. Таъсири мутақобилаи ҷолибтарин байни литосфера ва криосфера дар мисоли яхи дар хушкӣ буда баррасӣ мешавад. Дар зери бартарии шамолҳои шимолу шарқӣ моддаҳои заҳролуд, ки дар давраи яхбандӣ аз дарёи Амур ворид мешаванд, оҳиста-оҳиста дар соҳили шарқии ҷазираи Сахалин ба сӯи ҷазираҳои Ҷопон муҳоҷират менамоянд. Метаморфизатсияи криогении таркиби химиявии обҳои табиӣ як раванди бениҳоят муҳиме аст, ки дар экосистемаҳои обӣ дар давраи яхкунӣ ба амал меояд.

Ҳангоми ташаккул ва обшавии ях дар системаи атмосфера-гидросфера -криосфера мубодилаи миқёси калони газ ба амал меояд ва ях ҷузъи муҳими биосфера буда, омили ташаккули вазъи экологии экосистемаҳои обӣ ва пайванди мобайнии гардиши моддаҳо мебошад. Чуноне ки дида мешавад, сохтори ях ва прияхҳо аз қисматҳои функсионалии биосферӣ вобастагӣ дошта, дар алоқамандӣ бо фазои экологӣ дар муҳити экосистемавӣ ба тағйироти қабатӣ дучор мегардад. Ифлосшавии ях дар ядроҳои конденсатсионии сунъӣ, ҳангоми бориш ва намии аэрозолҳои антропогенӣ. яъне ифлосшавии аэрогенӣ ба амал меояд. Вақте ки моддаҳои заҳролуд ба ях аз обҳои ифлосшудаи табиӣ дохил мешаванд, он дар дохили обанбор олуда мешавад.

Ях ҳамчун ҷузъи геосистемаҳо дар Арктика ва Антарктика муфассалтар омӯхта мешавад. Яхи баҳрии обҳои соҳили Антарктида аз ҷиҳати сохт аз яхи баҳрии Арктика фарқ дорад ва ин фарқият пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ташаккули таркиби онҳо аз обҳои уқёнусе, ки шӯрнокии зиёд доранд, ба амал меояд. Яхи Арктика асосан дар зери таъсири оби дарёҳо ба вуҷуд меояд. Ифлосшавии яхи баҳр аз ҷиҳати хусусият фарқ менамояд ва бо характери равандҳои гуногуне, ки дар минтақаҳои алоқаманд ба амал меоянд, муайян  мешавад.

Хулоса ях ва ё пиряхҳо ҷузъи муҳими биосфера буда, метавонанд ҳамчун объекти таҳқиқоти геоэкологӣ ва ҷузъи сохтории мониторинги байнисоҳавии гидросфера дар маҷмуъ хизмат намоянд. Фаъолияти хоҷагии инсон дар гардиши глятсиогении моддаҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меорад, ҳамзамон ба он шароити зиндагии як макони мушаххаси экологӣ таъсир мерасонад, ки дар он равандҳои мураккаби истеҳсолӣ ва харобшавӣ бо иштироки биокомплексҳо ба амал меояд. Биосенозҳои ях дар поксозии худ ва ифлосшавии дараҷаи дуюми обҳои табиӣ иштирок намуда, дар вақти ифлосшавӣ дар консентратсияи паст металлҳои вазнинро чамъ мекунанд ва баъзан бо усулҳои инструменталӣ дар оби зери ях ба қайд гирифта намешаванд. Ҳолати экосистемаҳои обӣ дар фасли зимистон аз маҷмуи омилҳое вобаста аст, ки бо фаъолияти материяҳои зинда, дар минтақаи алоқаманди обу ях хусусияти транзитӣ, таҳшиншавӣ, табдили байни моддаҳо, раванди обшавӣ ва дарозшавии фазо ва вақти ҷараёни таъсири токсикологӣ доранд.

Омӯзиши равандҳои пиряхӣ-биогеохимиявӣ, ки дар ях ба амал меоянд, қисми таркибии мониторинги ҳамаҷонибаи ҳолати биосфера шуда метавонад. Ин махсусан ба ҳалли якчанд проблемаҳои геоэкологӣ вобаста ба муайян намудани омилҳои мавсимии тағйирёбии сифати об, арзёбии хатари ифлосшавии фаромарзӣ дар давраи яхбандӣ ва ивазшавии яхҳо ҳангоми резиши яхҳо ва ташаккули сатҳӣ аз ҷиҳати экологӣ  алоқаманд аст. 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 17, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад
МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад
Барои мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир хусусияти роҳнамоӣ дорад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Сиёсати хориҷии давлат – самти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон