Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»

Март 26, 2024 18:21

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд». Ин суханони пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки шоми 25 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо доданд.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад.Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем».

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем.Ҳамзамон бо ин, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзро бо дарназардошти талаботи даврони истиқлол роҳандозӣ намоем, онҳоро ҳамқадами замони муосир созем».

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2024 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд