Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд бо назардошти шароити замона анъанаҳои неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро риоя намоем, ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳем, ба хотири ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани мамлакатамон талош намоем. Чунин изҳор намудаанд Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.
Пешвои миллат бо боварӣ баён доштанд, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар оила боз ҳам бештар кор менамоянд ва заҳмат мекашанд.
Ба гуфтаи Президенти мамлакат, Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад. Ин аст, ки марди деҳқон омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки неъмати истиқлолу озодӣ ва оромиву суботи ҷомеа барои таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллии Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва эҳёву оммавӣ гардонидани онҳо тамоми заминаву имкониятро фароҳам овардааст.
«Тавсеа пайдо намудани фарҳанги наврӯзӣ ҳамовозии давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколамаву гуфтугӯҳо ва ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ ҳамвор намуд»,-афзуданд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид






