Рисолати азалии Зан-Модар тарбия ва ба камол расонидани насли солим, худогоҳу худшинос ва зираку соҳибмаърифат аст
ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Зан-Модари тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар радифи мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад»,-чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Гулнисо Зарипова.
Мавсуф афзуд, ки аз нигоҳи Президенти Тоҷикистон, «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат офарида шудааст».
Ин эътимоду боварии Сарвари давлат бори дигар занону модарони моро водор месозад, ки масъулияти бештару беҳтар эҳсос намуда, қабл аз ҳама, рисолати азалиашонро, ки тарбия ва ба камол расонидани насли солим, худогоҳу худшинос ва зираку соҳибмаърифат мебошад, иҷро намоянд.
Занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда нақши хеле муҳим доранд, зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занонро ҳамчун неруи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки фаъоли онҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ зарур медонад.
Ба андешаи ҳамсуҳбатамон, бо шарофати сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳияи барномаҳои давлатӣ дар мавриди баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа корҳои шоиставу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ин нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мавқеи занонро дастгирӣ менамояд. Ин аст, ки зани тоҷик ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа соҳиби мақому манзалати хосса мебошад.
Имрӯз занон–модарони тоҷик дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ба соҳибкорӣ машғул буда, муваффақу соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи занонро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат ҳазорҳо духтарони боистеъдод ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил доранд, беш аз 11 ҳазор нафари онҳо духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар асоси квотаи президентӣ хатм намуданд. Аз 3 ҳазору 300 ҷавоне, ки тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба таҳсил фиристода шуданд, 3 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор духтар муассисаи таҳсилоти олиро хатм намуданд. Барои муқоиса, тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989 ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маълумоли олӣ буданд.
Бо дахли кору таҳсили занону духтарон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Гулнисо Зарипова гуфт, ки дар донишгоҳ ба масъалаи табодули академӣ ва таҳсили донишҷӯдухтарон дар хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ табодули академии 98 донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё, Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия доир шуд, ки 54 фоизи онҳоро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон барои баланд бардоштани маҳорати педагогӣ 6 муаллим дар даври такмили ихтисос ва бозомӯзӣ иштирок намуд, ки 3 нафари он зан аст.
Барои татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» 4 донишҷӯдухтари фаъолу болаёқати донишгоҳ дар даври омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.
Ба андешаи раиси Шурои занони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Гулнисо Зарипова, ҳар қадаре, ки зан донишманду бомаърифат бошад, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандон ботарбияву хушахлоқ мегарданд.
Бояд имрӯз дар ҷомеа, оила ва муассисаҳои таълимӣ тарбияи занони бомаърифат мақсаднок ташкил гардад, яъне тарбияи духтарон дар мактаб ва оила хубтар амалӣ шавад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки дар оянда модар мешаванд, дар сатҳи зарурӣ ташкил намоянд, мегӯяд мусоҳиби мо.
Ҳамчунин дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон татбиқи якчанд санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» хеле хуб амалӣ гардидааст. Ин санадҳо барои ҳаёту фаъолияти занону духтарон сарнавиштсоз мебошанд, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузург мебахшанд.
Бо ишора ба нақши занону духтарон дар рушду пешрафти таълиму тарбияи донишҷӯён дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Гулнисо Зарипова гуфт, ки дар донишгоҳ 150 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ки 79 нафари онҳоро профессору дотсентон, номзадҳои илм, муаллимони калон ва ассистентон ташкил медиҳанд.
Донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол ҷойи аввал ва дар мусобиқаи шаҳрӣ ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд. Дар донишгоҳ дастаи волейболбозон ва баскетболбозон аз ҳисоби занону духтарони донишгоҳ таъсис дода шуда, дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.
«Занону духтарони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ иҷрои босифати барномаҳои давлатиро таъмин карда, дар таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саъю талош менамоянд»,-изҳор намуд Гулнисо Зарипова.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии Гулнисо Зарипова