ШОДӢ БА КАНОР ОМАД, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Наврӯз дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Март 21, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Боғи роҳиоҳанчиён бо садои карнаю сурнай, оростани хони наврӯзӣ ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон дар фазои мутантани идона бо қалбҳои саршор аз меҳру муҳаббат ва   таманниёти нек ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тамоми кормандонро самимона табрик намуда, ба онҳо осмони соф, саломатӣ, рӯзгори пур аз нишоту фараҳмандӣ таманно намуд.

Гуфта шуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи  дигар идҳои мардуми тоҷик, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешуд.  Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.

Ҳоло Наврӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  бо шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз таҷлили пуршукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» манзур менамоем.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
ЛОЛАҲОИ ШУКУФОНИ ДУШАНБЕ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши пойтахт
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Ҷилваи мероси рангини тоҷикон дар Боку
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд