СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Конференсия бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 баргузор шуда, дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ибрози назар гардид.
Зимни конференсияи илмӣ-амалӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Табиати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои локаликунонии коҳишёбии онҳо» маърузаҳо пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат барои ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим шароити мусоид фароҳам овард.
Иштирокдорон баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро ҷиҳати татбиқи ғояҳои ҷаҳонии Пешвои миллат амали муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд






