ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, ҷумъа, 61-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 1, 2024 08:00

1 марти соли 2010 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи дурӯзаи  ХI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

***

 1 марти соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшиданд.

***

1 марти соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими воситаҳои ахбори омма -Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

1 марти соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҳҳои мошингарди Помир ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини ҷаҳон ворид гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ  суханронӣ намуданд.

***

1  марти соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

*** 

1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни гузаштаи Баҳор ва оғози соли нав — иди анъанавии мардуми Чин  самимона табрик намуданд.

***

1 марти соли 2022 дар Гаага ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерландро дар мавзуъҳои об баррасӣ намуданд.

***

1 марти соли 2023 ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод шинос гардид.

1 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии иммунитет.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Қурбоналӣ Раҷаб- соли 1925 — Нависандаи халқии Тоҷикистон

***

Аслиддин Низомов- соли 1950 — доктори илмҳои санъатшиносӣ

Март 1, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст