ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, душанбе, 327-умин рӯзи соли 2026 аст
23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» -ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шурои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли 2015 мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар мамлакат ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид.
***
23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро имзо намуданд.
***
23 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
23 НОЯБР:
Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.
***
Дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.
РӮЙДОДҲО:
23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи Русия Созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.
***
23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса баргузор гардид.
***
23 ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба рӯйдоди муҳими таърихӣ- маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мавзуи «НБО-и «Роғун» — дастрасии дарозмуддат ва устувори обу неру дар минтақа» конфронс баргузор гардид.
***
23 ноябри соли 2006 дар Тоҷикистон нахустин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1877 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 миллион доллар пардохт кард.
***
Соли 1923 Ҳизби коммунистии Олмон баста шуд.
***
Соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 1981 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 Молдова асъори миллии худро бо номи лей ба муомилот баровард.
***
Соли 1998 дар шаҳри Бирмингеми Англия аввалин оркестри мусиқии калонтарин дар таърих, ки аз 3503 мусиқинавоз иборат буд, ҳунарнамоӣ кард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Соҳиб Табаров — мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология (1949), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991), доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст






