ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, якшанбе, 326-умин рӯзи соли 2026 аст
22 ноябри соли 2002 дар «Конгресс-сентр»-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои аъзои Шурои шарикии Аврупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» (ҳамагӣ 46 давлат) аъзои он мебошанд, суханронӣ намуданд.
***
22 ноябри соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулода ва Мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.
***
22 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
22 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
22 ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
***
22 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
22 НОЯБР:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони адлия.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Русия- Рӯзи равоншинос.
РӮЙДОДҲО:
22 ноябри соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
***
22 ноябри соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима шуданд.
***
22 ноябри соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, сазовори ҷои якум ва медали тилло гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба 25–солагии ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» баргузор гардид.
***
22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи нав қабул намуд.
***
Соли 1806 аввалин шумораи рӯзнома бо забони франкоӣ дар Канада «Ле Канадиен» нашр гардид.
***
Соли 1986 Майк Тайсони 20-сола унвони ҷавонтарин чемпиони ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард.
***
Соли 1993 Арманистон пули миллии худ – драмро ба муомилот баровард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст






