«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.
Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






