Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Зимнан, дар бораи чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалие, ки баргузории онҳо соли 2024 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Инчунин ҷонибҳо атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳолати буҳронӣ дар Фаластин ва вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






