Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд

Март 29, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 то 28  март дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни ҷавонон ба поси хотири чемпиони олимпӣ Бахтиёр Артаев баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқа аз рӯи 13 вазн байни писарон  доир шуд, ки  дар он 286 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 13 варзишгар намояндагӣ намуда, танҳо ба Амирбек Маҳрамов муяссар шуд, ки дар вазни 52 кг медали биринҷӣ ба даст оварад.

Ҳамчунин 24-28  марти соли 2024  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии бокс – «Шоҳроҳи бузурги абрешим» баргузор шуд. Дар он 104 варзишгар аз 11 давлат, аз ҷумла 2 варзишгар аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иштирок доштанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар ин мусобиқа муштзани ҷавони тоҷик  Бузургмеҳр Иксанов дар вазни  то 57 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гардид.

 АКС аз манбаъҳои боз

Март 29, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд