Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Қазоқистон соҳиби 5 медал гардиданд

Март 7, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муштзанҳои тоҷик дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиш аз Қазоқистон Болат Темиров 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа аз 1 то 5 март дар шаҳри Атирауи Қазоқистон аз рӯи 13 вазн байни мардон баргузор шуд.

Дар он беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия ва иштирок намуданд.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар зӯрозмоӣ намуда, Хусравхон Раҳимов (-57кг), Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) медали нуқра, Абубакр Муродзода (-60кг), Замирбек Қаюмов (-80кг) ва Парвиз Каримов (-92кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон

Март 7, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад