Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Март 5, 2024 16:07

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат зимни вохӯрии Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо соҳибкорони ватанӣ баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи вохӯрӣ  баррасии нақшаҳои кумита дар самти ҷалби сармоя вар рушди соҳибкорӣ дар мамлакат буд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба мушкилиҳои соҳибкорон дар самти фаъолияти онҳо, низоми фаъолияти ассотсиатсияҳо бо ширкатҳои ватанӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

Аз ҷониби раиси кумита баҳри беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорон пешниҳодҳои зарурӣ дар самти таҳияи бизнес -нақшаҳо, рақамикунонии фаъолияти ширкатҳои ватанӣ ва густариши ҳамкорӣ байни кумита ва соҳибкорони ватанӣ манзур гардид.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2024 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд