Вазорати адлия: Дар 49 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии якумдараҷа амалӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 09.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар 49 шаҳру ноҳия ва ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ шудааст. Дар ин хусус зимни баргузории машварати омӯзишӣ вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, барои кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд. Дар давраи фаъолият ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба зиёда аз 118 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2023 соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Дар ин замина тамоми мақомоти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки соли 2024 ҷиҳати баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузоранд.
«Бояд иброз дошт, ки он натиҷаҳое, ки мо то имрӯз дар ин самт ба даст овардаем, басанда нест. Дар ин сол ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолиятамонро дучанд намуда, дар баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем. Зеро пешрафти давлат ва сулҳу суботи ҷомеа ба маърифати волои ҳуқуқӣ вобастагии калон дорад»,-баён дошт Вазири адлия.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






