Вулқони Эбеко дар ҷазираҳои Курил хокистарро ба баландии 3,5 километр партофтааст
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вулқоншиносон дар вулқони Эбеко дар ҷазираи Парамушири қаторкӯҳи Курили Кабир (вилояти Сахалин) партовҳои хокистарро дар баландии 3,5 километр сабт намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигорон дар хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар ин минтақа хабар доданд.
«Партови хокистар дар баландии 3,5 км аз сатҳи баҳр ба амал омад. Доманаи он дар самти ҷанубу шарқ ба масофаи то 5 километр паҳн шуд», — гуфтанд дар раёсат.
Эбеко дар қисми шимолии Парамушир воқеъ аст. Баландии вулқон 1156 метр буда, баҳри он рамзи ранги норанҷии хатар барои авиатсия гузошта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки вулқон фаъолияти баланди эҳтимолии оташфишонӣ зоҳир менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






