35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ифтихори ин ҷашн дар Ҳисор Аквапарки замонавӣ бунёд карда мешавад

Апрель 7, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи сайёри ситод оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Раиси шаҳри Ҳисор баҳри вусъат додани раванди корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, бахусус корхонаҳои таъмири трансформатор, корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ, фабрикаи парандапарварӣ  ва Аквопарки замонавӣ дар шаҳраки Ҳисор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Инчунин дар ҷаласаи ситод масъалаи кӯчонидани терминали мусофирбарии шаҳрак ва дарёфти  мавзеи мувофиқ барои сохтмони терминали нав баррасӣ гардид.

Масъулин барои тозагиву ободонии атрофи иншооти бунёдшаванда, шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишию сояафкан, баргузор намудани шанбегиҳои дастҷамъона бо иштироки аҳолӣ, роҳбарон ва аъзои ситод вазифадор гардиданд.

Раиси шаҳр аз шанбегии қаблан эълоншудаи умумишаҳрӣ дар ҳудуди масҷидҳо ва оромгоҳҳои маҳаллаву деҳаҳо ёдовар шуда, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онро таъкид намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Ҳисор

Апрель 7, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд