35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 21.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот ба маблағи умумии 2,6 милиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2024, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Дар ҷаласа иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардидаанд ва қарору супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят баррасӣ шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои 2023-2024 дар маҷмуъ 21 иншооти соҳаи маориф иборат аз 122 синфхона барои 3050 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 6100) мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки дар айни замон дар 189 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон, иборат аз 1303 синфхона барои 31272 ҷойи нишаст идома дорад.
Масъулин иброз доштанд, ки дар миқёси вилоят ба масофаи 450 километр роҳҳо ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ шудаанд.
АКС аз бойгонӣ








Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 26 ҳазор иншооту биноҳо ба истифода дода шудааст
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






