8 АПРЕЛ-РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд

Апрель 8, 2024 11:54

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Созмонҳои бонуфузи  байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд. Чунин гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷамъомади тантанавӣ, ки имрӯз дар  вазорат бахшида  ба Рӯзи иқтисодчиён  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён ҷашн гирифта мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иқтисодчиёни мамлакат ва кормандони вазоратро бо ҷашни касбӣ шодбош гуфта, иброз намуд, ки таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми муносиб мегузоранд.

Таъкид шуд, ки дар бисту се соли охир новобаста аз омилҳои берунӣ рушди иқтисоди  ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то ба 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва даромадҳои пули аҳолӣ аз 1 миллиард то 113 миллиард сомонӣ ё 113 маротиба афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, рушди иқтисоди мамлакат  соли 2023-юм 8,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ-9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ-22,5 фоиз, боркашонӣ-16,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ-14,1 фоиз, гардиши савдо-13,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз таъмин гардид.

Имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ин гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 баён дошта буданд, сармашқи кор қарор додаанд: «Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии мамлакат тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконияти мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

Дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имконият дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори давлат ва ҳадафҳои Ҳукумат баҳри беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ 27 стратегия, 11 консепсия, 94 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи минтақавӣ татбиқ мешавад, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ замина мегузоранд.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи саноат имкон дод, ки вобастагии иқтисоди мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ, бахусус семент, ангишт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрокворӣ кам гардад ва барои содироти минбаъдаи маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҳадафҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи  миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро таҳия намудааст, ки ин барномаҳою стратегияҳо дар рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ кормандони фаъоли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

    АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад