Ҳайати парлумонии Гурҷистон бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси кумита оид ба муносибатҳои байналмилалии Парлумони Гурҷистон Николоз Самхарадзе бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
Ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод, ки барои ҳайати парлумонии Гурҷистон сайри осорхонавӣ ташкил шуд.
Меҳмонон дар толорҳои намоишии «Асри санг», «Асри биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгонамон офарида шуда, инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик давоми таърихи бостонӣ ҳастанд, шинос гардиданд.
Дар анҷом ҳайати парлумонии Гурҷистон таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






