Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд

Апрель 22, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо /БСА/ дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо хонум Надя Калвино дар Вашингтон баррасӣ градид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Хоким  Холиқзода хонум Надя Калвиноро ба муносибати  таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфта, бо ишора аз ҳамкории самарабахши дуҷониба дар сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»,  ки бузургтарин лоиҳаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб мешавад, ба Бонки сармоягузории Аврупо арзи сипос намуд.

Мусоҳибон оид ба захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ ба ин бахш, иштироки Бонки сармоягузории Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки барои мутобиқ намудани меъёрҳои сохтмон ба стандартҳои байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ин тарҳ ҳамкориро бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки сармоягузории Аврупо тақвият медиҳад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт