Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2024 эълон гардидани шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ барномаи бошукуҳи Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Рӯзҳои сайёҳӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардиданд. Зимни он Фестивали хӯрокҳои миллӣ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби ошпазҳои моҳири мамлакат дастархони миллии тоҷикӣ бо хӯрокҳои миллӣ, аз қабили ош, қурутоб ва оши туппа ороста шуд. Аз ҷониби иштирокчиён ба дастархон ва таомҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуда, ба лаззати таомҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар натиҷаи баргузории Фестивали хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ба ошпази мамлакати мо Сипоснома тақдим гардид.
Ҳамзамон дар доираи Рӯзҳои сайёҳӣ аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон барои муаррифии санъату фарҳанг ва либосҳои миллӣ намоиши либосҳои миллӣ баргузор карда шуда, аз ҷониби Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурудҳои халқӣ суруда шуданд.
Иштироки ҳайати мамлакат дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ба ин васила ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони давлатҳои аъзо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, варзишгарони бозиҳои миллӣ, Телевизиони «Тоҷикистон», Хонаи мӯд ва ошпазҳои моҳири мамлакат иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






