Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона дар заминаи Донишгоҳи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносӣ дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар медиҳад.
Зимни чорабинӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории коршиносӣ дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои соли 2024 баррасӣ шуд.
Дар бораи омодагӣ ба фестивали оркестрҳои низомии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Шайпури сулҳ — 2024» маълумот шунида шуд.
Тартиби баргузории чорабиниҳои Нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2024-2025 дар соли 2024 баррасӣ гардид.
Чорабинӣ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тибқи нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои ин созмон барои солҳои 2024-2025 ташкил гардид.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






