БАҲОРИ ДУШАНБЕ. Суратгузориш аз Боғи фарҳангиву фароғатии «Кӯли ҷавонон» манзур мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2017 навсозии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, 28 августи соли 2018 он ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки масоҳати умумии боғ 2,51 гектар буда, дар ин мавзеъ барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба иттилои директори муассиса Муҳаммад Сафаров, ба истиқболи баҳори нозанин дар ҳудуди боғ зиёда аз 30 ҳазор бех гулҳои лола, мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудаанд. Ғайр аз ин дар ин ҷо дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда низ нашъунамои хуб доранд. Имрӯзҳо Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи баҳори нозанин шукуфон гардида, ба намои он ҳусну таровати дигаре зам гардидааст.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» манзур мегардад.
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»




























Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






