БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд

Апрель 24, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамгироии бахшҳои иқлимӣ ва экологӣ ба низомҳои молиявӣ қисми асосии саҳми Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди  «сабз» барои солҳои 2023-2037» буда, ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар назди низоми бонкии мамлакат гузошта шуд. Чунин иброз намуд муовини Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар оғози даври нахустини омӯзиши  дарсҳои маҳорат, ки  аз рӯи барномаи «Амалияи иқлимӣ ва банақшагирии давраи иқлим» барои намояндагони бахши молиявии мамлакат шуруъ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки даври нахустини омӯзиши дарсҳои маҳорат дар асоси Ёддошти тафоҳум, ки байни Бонки миллии Тоҷикистон ва  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ моҳи сентябри соли 2023 ба имзо расида буд, гузаронида шуд. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчун шарики боэътимоди Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо дар самти рушди иқтисоди «сабз», балки дар дигар бахшҳои муҳим, аз қабили рушди устувори экология, сиёсати иҷтимоӣ, идоракунии корпоративӣ ва сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ҳамкорӣ менамояд.

Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел гуфт, ки силсиладарсҳои маҳорат барои доираи васеи намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Тоҷикистон нахустин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ин барномаро дар он амалӣ менамояд. Дар доираи ин барнома иштирокдорон метавонанд маълумоту малакаи навро доир ба ошкор ва идора кардани хавфҳои марбут ба иқлим, стратегияи иқлим ва идорасозӣ, таҳияи нишондиҳандаҳою ҳадафҳо, инчунин ифшои иттилоот ба даст оранд.

Барнома бо назардошти сиёсати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба мутобиқат ба Созишномаи Париж таҳия шуда, ҳадафи он кумак ва дастгирии мақомоти танзимкунанда ва ниҳодҳои молиявӣ дар самти сабзгардонии бахш ва амалиёт мебошад.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 24, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад