«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 мусаввараи беҳтарини рассомони муосири тоҷик дар намоиш таҳти унвони «Бо ҳам» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар самти баргузории намоиши асарҳои офаридаи рассомони тоҷик ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан гуфт.
Дар намоиши мусаввараҳои беҳтарини рассомони муосири тоҷик «Бо ҳам» зиёда аз 50 асари рассомони Тоҷикистон, аз ҷумла офаридаҳои Баҳром Исматов «Аз паси орзуҳо», «Оҳанги баҳор», «Мевафурӯш», «Духтарак бо себ», «Оҳанг», Умед Аҳмадов «Гулҳои Душанбе», «Бонуи тоҷик», «Оила», «Дар интизорӣ», «Рӯзи офтобӣ», Илёс Мамадҷонов «Нирвана», «Бухоро», «Анъана», «Оҳанги дил», «Хомӯшӣ» ва дигар асарҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Асарҳои рассомони муосири тоҷик бо услуби ҷадид ва воқеънигорӣ офарида шуда, дар онҳо ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон, ҳаёти осоиштаи мардум, расму оин ва анъанаҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтаанд.
Баргузории чунин намоиши осорхонавӣ имкон медиҳад, то қишрҳои гуногуни ҷомеа бо эҷодиёти рассомони муосири Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд, ҳамзамон дар замири онҳо ҳисси баланди миллӣ, зебоипарастӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои фарҳангӣ бедор гардад.
Намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик «Бо ҳам» то 8 май идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






