Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қобили тазаккур аст, ки дар ҳафт соли охир гардиши мол миёни кишварҳои мо тақрибан чил баробар афзуда, сол ба сол вусъати тоза меёбад. Ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият менамоянд. Дар ин хусус 18 апрел зимни изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солҳои охир ҳаҷми ҷалби мутақобилаи сармоя, ҳамчунин, шумораи корхонаҳои муштарак тамоюли афзоиш пайдо кардаанд.
Пешвои миллат иброз доштданд, ки «бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои то имрӯз дар ин самт бадастомада ҳадди ниҳоӣ нестанд. Мо ба хулоса омадем, ки сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бахши саноат бояд самтҳои калидии рушди босамари минбаъдаи робитаҳои иқтисодии мо гарданд. Дар ин робита фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистонро густариш хоҳем бахшид».
«Итминон дорем, ки ин васила ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои мушаххас мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, ин лоиҳаҳо метавонанд соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла истеҳсоли автомашина ва қисмҳои он, доруворӣ ва коркарди маҳсулоти аграриро дар бар гиранд»,-хотиррасон намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки «мо, ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории мушаххасро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ ва ихтироот, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои муосири саноатӣ баррасӣ кардем. Масъалаҳои вобаста ба ташаккул додани шароити мусоид барои дастгирии доираҳои соҳибкорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






