Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мавзуъҳои истифодаи рушди рақамӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором ва масоили кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур ба хушкӣ ва кишварҳои ҷазиравии рӯ ба тараққӣ сухан гуфт.
Ардашер Қодирӣ нақши ташаббусҳо ва стратегияҳои миллии мамлакатро, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд, таъкид намуд. Таваҷҷуҳи хос ба барномаҳои калидӣ, ба монанди Консепсияи иқтисоди рақамии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисод (2021-2025) ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона гардид. Инчунин саҳми Тоҷикистон дар Даҳсолаи об ва нуктаҳои Конфронси оби СММ аз соли 2023 манзур гардиданд.
Ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон ҳозиринро ба иштироки фаъол дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






