Дар бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ошёнаи якуми он толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст ва нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки 10 апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ гардид.
Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ барои машқу тамрин имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дохили он бо ҷалби сохтмончиён моҳирона гачкорӣ шудааст, ки диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Намои берунии он ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса равона намуда, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои муҳимро пайваста амалӣ менамояд.
Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав сохта шуд.
Дар саҳни иншооти соҳаи фарҳанг ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудаанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 номгӯи сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа нақши муҳим мебозанд.
Чунин бинои зебову муҳташам бо ҳуҷраҳои кории муосир орзуи деринаи аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан буд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






