Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва, Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии ядроии «МИФИ» мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони роҳу нақлиёт, сохтмон, энергетика, ҳифзи системаҳои компютерӣ, амалӣ намудани ҳамкорӣ дар доираи паркҳои технологӣ, баргузории машғулияти кӯтоҳмуддат, мактаби тобистона, омӯзиши таҷрибаи пешқадами таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти истифодаи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи босамари имкону захираҳои илмии мавҷуда табодули андеша намуданд.
Иброз гардид, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ояндаи наздик баргузории дарсҳои кушод, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо тақвият меёбанд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






