Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд

Апрель 18, 2024 18:16

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-17 апрели соли равон  дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, география, технологияи иттилоотӣ, биология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар озмун зиёда аз 350 донишҷӯю унвонҷӯ ва омӯзгори ихтироъкор фаъолона иштирок намуд. Натиҷаи озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардида, 48 нафар, яъне ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ба даври дуюм- даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Ғолибони даври аввали озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳавасманд мегарданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Апрель 18, 2024 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад