Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-17 апрели соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, география, технологияи иттилоотӣ, биология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар озмун зиёда аз 350 донишҷӯю унвонҷӯ ва омӯзгори ихтироъкор фаъолона иштирок намуд. Натиҷаи озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардида, 48 нафар, яъне ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ба даври дуюм- даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибони даври аввали озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳавасманд мегарданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ











Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт






