Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд

Апрель 18, 2024 10:02

ДУШАНБЕ, 18.04.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои анҷомдода сатҳи камбизоатӣ то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2017-ум  3,3 маротиба ва шумораи соҳибкорон қариб 6 маротиба афзоиш ёфт. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар бораи натиҷаҳои соли 2023 ва баррасии нақшаи кории солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026, ки дар Душанбе бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид — аъзои гурӯҳҳои натиҷавии Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ҳамраисӣ намуданд.

Завқӣ Завқизода гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро бо таҳлилҳои ҳаматарафа арзёбӣ намуда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2024 ва солҳои минбаъда муайян намуданд.

Аз ҷумла, соли 2023 дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушди мамлакат рушди миёнасолонаи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ /ММД/ дар сатҳи 8,3 таъмин гардида, ҳаҷми ММД нисбат ба соли 2017 1,5 маротиба зиёд шуд.

Соли 2023 рушди иқтисодии мамлакат аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз таъмин гардид. Инчунин соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар мамлакат ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум бо назардошти дар ин давра аз 5 миллион ба беш аз 10 миллион расидани шумораи аҳолии мамлакат ва ду баробар афзоиш ёфтани талабот ба маводи ғизоӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 30 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 71 фоиз кам гардид.

Роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид натиҷаҳои фаъолияти муштарак вобаста ба натиҷаҳои ҳисоботи солонаи ин созмон дар 2023 ва баррасии солонаи Чаҳорчӯби ҳамкориро муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд намуданд.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагиашонро барои афзоиш додани кумаку дастгириҳои худ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои  тақвияти ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ибрози назар карда шуд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2024 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад