Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд

Апрель 19, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Донишгоҳи Акитаи Ҷопон зимни мулоқот доир ба ҳамкории гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобит масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷониба дар зинаҳои магистратура ва докторантура тақвият бахшида шавад. Гуфта шуд, ки олимони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои омӯхтани таҷриба ва ё машғулияти такмили ихтисос метавонанд худро дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон сабти ном кунанд.

Роҳбарияти академия ба намояндагии Ҷопон пешниҳод намуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзиши забони ҷопонӣ таъсис дода шавад. Ин иқдом метавонад ба таҳсили олимони ҷавон дар зинаҳои магистратураву докторантура дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон мусоидат намояд. Аз ҷониби тарафайн барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ моҳи сентябр баргузор намудани симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Ҷопон ба нақша гирифта шуд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар соҳаи илмҳои захираҳои геотермалӣ дар самтҳои зерин- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак, ташкили машваратҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду мамлакат, ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Тоҷикистон ва Ҷопон дар муассисаҳои илмии ду мамлакат, ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии ҷонибҳо дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантура, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва машғулияти такмили ихтисос барои олимони ду мамлакат ва ғайра инкишоф диҳад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид