Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд

Апрель 27, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Душанбе  вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок доир гардид, ки зимни суҳбат мусоҳибон  масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории  миёни ду мамлакатро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷорӣ намудани низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд