Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

Апрель 24, 2024 11:19

 ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва дастгирии Институти омӯзиши сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка конференсияи байналмилалии илмию амалии «Рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» баргузор мегардад.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, конференсияи байналмилалӣ дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024 доир мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории конференсия ташвиқ ва тарғиби ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба беҳдошти оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон ва коркарди пешниҳодҳои муфид оид ба пурзӯр намудани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика мебошад.

Дар кори конференсия коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка иштирок мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд