Дар форуми Самарқанд содагардонии расмиёти савдои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанд Форуми 11-уми содагардонии расмиёти савдои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид, ки дар он дар радифи 250 иштирокчӣ аз 30 давлати дунё муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми содагардонии расмиёти савдои Осиё ва Уқёнуси Ором барои баланд бардоштани иқтидор ва ҳамкорӣ имконияти васеъ фароҳам овард.
Муовини Вазири рушди иқтисоди мамлакат таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содиротӣ ва диверсификатсияи содиротро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон корҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба савдо қабул гардидааст.
Барои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат пешниҳод намуд, ки ҷонибҳо барои рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар роҳи интиқоли мол ва таъмини фаъолияти самараноки долонҳои сабз тадбир андешанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






