Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт

Апрель 19, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Қазоқободи Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  20 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Тибқи лоиҳа, иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои хонаи омӯзгорон ва 12 синфхона барои 288 хонанда дар як баст мебошад.

Бинои иловагии муассиса дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон ба дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро он яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Дар доираи иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум- солҳои 2022-2024 таъсиси 22 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 16 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 19, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд