Дар шаҳри Турсунзода барои нозирону доварони лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон омӯзиш идома дорад
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода барои нозирону довароне, ки имсол дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон фаъолият менамоянд, омӯзиши таълимию методӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар омӯзиш, ки аз ҷониби Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шудааст, 21 нозир иштирок дорад.
Мақсад аз баргузории омӯзиш ноил шудан ба тафсири ягонаи Қоидаҳои бозӣ дар ҳама сатҳҳои мусобиқаҳо, такмили дониш дар соҳаи назария, методология, амалияи нозирӣ, инчунин супоридани тести видеоӣ оид ба қоидаҳои бозӣ мебошад.
Дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо даҳ нозири беҳтарин интихоб шуда, дар мавсими нав ҳаққи кор дар бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро пайдо менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






