Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад

Апрель 25, 2024 10:45

 ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 24 то 27 апрел дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барномаи омӯзишии Лоиҳаи байналмилалии «Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ», ки ташаббускораш Театри миллии Русия мебошад, баргузор  мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба сифати устодон коршиносони пешбари Русия дар соҳаи менеҷмент ва продюсерии лоиҳаҳои театрӣ аз Театри миллии драмавии Русия (Театри Александрин), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи санъати саҳнавӣ иштирок доранд.

Ҳар иштирокчии лоиҳа, ки аз аттестатсияи ҷамъбастӣ бо муваффақият мегузарад, соҳиби шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи баланд бардоштани ихтисоси Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мегардад. Дар баробари ин, барои 35 ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти интенсивии «Маҳорати санъати ҳунармандӣ дар шароити муосир» – барномаи муштараки Театри Александрин ва Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии Русия гузаронида мешавад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ташаббусҳои лоиҳавӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад. Барои гурӯҳи мо он чиз махсусан пурқимат аст, ки лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин» театрҳои пешқадами Тоҷикистон- Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковскийро фаро мегирад. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ низ се театри Тоҷикистон ва Театри Александринро муттаҳид месозад. Барои ҷараёни амалӣ намудани барномаи мактаб низ чорабиниҳои ҳамаҷониба омода месозем. Аз ҷумла, моҳи феврал дар шаҳри Боку намоиши «Нақшҳои намоёни саҳнаи рус» гузаронида шуд. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба таърихи намоёни театри рус якчанд вохӯриҳои эҷодӣ барпо менамоем.

Моҳи сентябри имсол дар якҷоягӣ бо шарики таълимии унвониамон- Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мо барномаи муштараки магитративӣ- «Иқтисод ва менеҷмент дар санъат» мекушоем ва бо камоли хурсандӣ донишҷӯёни тоҷикро ба сафи магистрантони оянда қабул мекунем»,-иброз намуд директори Театри Александрин Сергей Емелянов.

Лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Душанбе бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия амалӣ мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 25, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад