Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 апрел дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барномаи омӯзишии Лоиҳаи байналмилалии «Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ», ки ташаббускораш Театри миллии Русия мебошад, баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба сифати устодон коршиносони пешбари Русия дар соҳаи менеҷмент ва продюсерии лоиҳаҳои театрӣ аз Театри миллии драмавии Русия (Театри Александрин), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи санъати саҳнавӣ иштирок доранд.
Ҳар иштирокчии лоиҳа, ки аз аттестатсияи ҷамъбастӣ бо муваффақият мегузарад, соҳиби шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи баланд бардоштани ихтисоси Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мегардад. Дар баробари ин, барои 35 ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти интенсивии «Маҳорати санъати ҳунармандӣ дар шароити муосир» – барномаи муштараки Театри Александрин ва Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии Русия гузаронида мешавад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ташаббусҳои лоиҳавӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад. Барои гурӯҳи мо он чиз махсусан пурқимат аст, ки лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин» театрҳои пешқадами Тоҷикистон- Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковскийро фаро мегирад. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ низ се театри Тоҷикистон ва Театри Александринро муттаҳид месозад. Барои ҷараёни амалӣ намудани барномаи мактаб низ чорабиниҳои ҳамаҷониба омода месозем. Аз ҷумла, моҳи феврал дар шаҳри Боку намоиши «Нақшҳои намоёни саҳнаи рус» гузаронида шуд. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба таърихи намоёни театри рус якчанд вохӯриҳои эҷодӣ барпо менамоем.
Моҳи сентябри имсол дар якҷоягӣ бо шарики таълимии унвониамон- Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мо барномаи муштараки магитративӣ- «Иқтисод ва менеҷмент дар санъат» мекушоем ва бо камоли хурсандӣ донишҷӯёни тоҷикро ба сафи магистрантони оянда қабул мекунем»,-иброз намуд директори Театри Александрин Сергей Емелянов.
Лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Душанбе бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия амалӣ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






