Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд

Апрель 22, 2024 18:28

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути роҳи оҳани мамлакат дар  се моҳи аввали соли 2024  1 миллиону 687 ҳазор тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  ҳаҷми боркашонӣ 5,7 фоиз ва гардиши мусофиркашонӣ беш аз 100 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлили ҳамлу нақли байналмилалӣ бозгӯи он аст, ки аз ин омор 92,1 фоизро  интиқоли воридотӣ, 4,6 фоизро интиқоли содиротӣ ва 3,3 фоизро  интиқоли маҳаллӣ (дохилӣ) ташкил медиҳад.

Дар интиқоли байналмилалии бор нақлиёти роҳи оҳан нақши муҳим мебозад. 75,7 фоизи борҳо дар логистикаи байналмилалӣ дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан  рост меояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 22, 2024 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд