Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон оғоз шуд

Апрель 15, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи форум нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд махсус таъкид намуда, гуфт, ки шуруъ аз соли 2017 ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои илму маориф вусъати тоза пайдо намуд.

Иброз гардид, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки дар он 20 шартномаи ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расид. Дар натиҷаи ба имзо расидани чунин созишномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷику узбек дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду давлат таҳсил намуд. Соли 2023 беш аз 100 омӯзгори донишгоҳҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Узбекистон идома дорад. Дар доираи форум байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат якчанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид