Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор шуд

Апрель 5, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Пешгирии экстремизм ва терроризм: Нақши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сухан гуфт.

Тавре гуфта шуд, воқеан ҳам экстремизм ва терроризм имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, сабаби нигаронии кулли сокинони олам гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳояшро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагиашро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд. Таҳия ва қабули «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 ба тасвиб расидааст, муборизаи дастҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандии мамлакатро бар зидди ин зуҳуроти хатарзо тақозо менамояд.

Иброз гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, пайваста мулоқоту суҳбатҳои намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм баргузор мешаванд.

Инчунин дар ҷаласа доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол зимни мулоқот бо намояндагони дин ва фаъолони ҷомеа вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа баён доштанд, низ мулоҳизаронӣ шуд.

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат се масъала- «Вазъи гузаронидани муоинаи тиббии наврасон ва солимгардонии онҳо дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023», «Таҳлили иҷрои Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ гардидааст»  ва «Фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» баррасӣ шуд.

Тавре иброз гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии наврасонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморад. Бо мақсади арзёбӣ намудани сатҳу сифати фаъолияти ҳуҷраҳои наврасон дар банди 13-и Нақшаи кории ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 омӯзиши «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба наврасон» ба нақша гирифта шуд. Барои  иҷрои ин банд гурўҳи корӣ бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2024 вазъи хизматрасонии тиббӣ ба наврасонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Гурӯҳи корӣ фаъолият ва ҳуҷҷатгузории ҳуҷраҳои наврасонро ҳаматарафа омўхта, зимни санҷиши кортҳои наврасони бемор ва варақаҳои амбулаторӣ ба назорати пайваста ва солимгардонии наврасон аҳамияти махсус дод.

Доир ба «Таҳлили иҷрои Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ гардидааст», директори Муассисаи давлати “Маркази ҷумҳуриявии ғизо» маълумот дод.

Гуфта шуд, ки нақшаи амалисозии стратегия аз 44 банд иборат буда, 39 банди он ё 88,6% пурра иҷро гардида, 5 банди дигар қисман иҷро шудаанд.

Аз 44 банд 30 (68,1%) банди он ба зиммаи зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, ки аз ин 27 банд иҷро гардидааст, ки 90 %-ро ташкил медиҳад. 14 банди стратегия ба зиммаи дигар вазорату идораҳои алоқаманд вогузор гардидааст, ки аз ин 11 банд иҷро гардида, 78,5 %-ро ташкил медиҳад.

Баъдан доир ба иҷрои ҳар банди нақшаи амалисозии ин стратегия низ ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот пешниҳод шуд.

Вобаста ба мавзуи сеюм, яъне «Фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфт.

Иброз гардид, ки кумакҳои унвонии иҷтимоӣ асосан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд санади дохилиидоравии соҳавӣ, аз қабили Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Тибқи ин қонун, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ асосан дар 2 шакл- кумаки пулӣ ва кумаки моддӣ пешбинӣ гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдор дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян шудааст.

Гуфта шуд, ки дар заминаи ин қонун ҷиҳати иҷрои саривақтии чорабиниҳои ба ин самт вобаста «Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” амалӣ гардид, ки моҳи феврали соли 2021 дар ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи вазорат барои соли 2021 иҷрои «Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва давоми солҳои 2022 – 2023 ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли кумаки пулӣ ҳамасола аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои муайяне ҷудо шуда, баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии ниёзманд, яъне гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, равона мегарданд. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоат дар шакли кумаки пулӣ ҳамчун низоми нав ҷорӣ гардида, дар марҳилаи аввал ҳамчун механизми таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардида буд.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик аз чемпионати Осиёи Марказӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан бармегарданд
«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги иҷрои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар шаҳри Ҳисор аз поруи чорво гази табиӣ истеҳсол намуданд
Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки соли 2025 метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад
Дар Тоҷикистон Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ татбиқ мегардад
Ҳамкории судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ бо ҷониби Чин баррасӣ шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши наврасону ҷавонон доир гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаи баргузории намоишгоҳҳо байни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод дар ИДМ соҳиби ҷоизаи «Лидер СНГ» шуданд
«Интернет барои хона» боз дар 6000 манзили истиқоматии Душанбе дастрас гардид