Доир ба нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Апрель 20, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ: ваъз ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуда, ҳафтаи илм оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академия.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус, дастгирӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои илм  рушд намуда, барои олимони ватанӣ имконияти беҳтарини таҳқиқу омӯзиши илмӣ фароҳам оварда шуд. Соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои асосии илми ватанӣ, ки дар баробари инкишофи илмӣ инчунин аҳамияти муҳими татбиқиро дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ доро мебошад, давоми ин солҳо ба таври назаррас ташаккул ёфт.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассуси соҳаи ҳуқуқшиносӣ машғул аст, пайваста дар ғанӣ гардонидани илми миллӣ ҳиссаи сазовор мегузорад. Дар Академия  аз соли 2022 Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки ба тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ ва ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи андоз ва ҳуқуқи буҷетӣ машғул аст.

Иштирокдорони конференсия иброз доштанд, ки баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ низ идомаи иқдоми роҳбарияти академия дар самти омодасозии кадрҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, ҳадафи он баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар ҷумҳурӣ буда, доираи васеи олимону муҳаққиқони соҳаро ба ҳам овардааст. Дар баробари ҳамаи ин инкишоф ва натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илми ҳуқуқшиносии мамлакат ҳанӯз якчанд мушкилоту камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки ба таҳқиқу баррасии ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Умед аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо ҳамчун замина хизмат менамоянд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли саҳми Пешвои миллат дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рушди хизмати давлатӣ, нақши олимони ватанӣ дар рушди илмҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ, ҷойгоҳи олимони ватанӣ дар рушди илмҳои хусусӣ-ҳуқуқӣ дар мисоли ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ, рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ, масъалаҳои мубрами рушди илми ҳуқуқи маъмурӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид