Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»

Апрель 9, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар фарди бедордил кӯшиш менамояд, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.

Дар идома Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

«Тибқи аҳкоми шариат, ҳар бандаи муъмин ва эътиқодманд маҳз барои он хайру садақот мекунад ё амали неке анҷом медиҳад, ки дар номаи аъмолаш навишта мешавад ва баъд аз марг, яъне дар охират боиси саодат ва растагории ӯ мегардад, — илова намуданд Президенти мамлакат. — Агар чунин аст, пас беҳтар нест, ки ҳар бандаи муъмин кӯшиш намояд, ки гуноҳ накунад ва дили касеро наранҷонад?».

Ҳамчунин Сарвари давлат тазаккур доданд, ки беҳтар аст фарзанди солеҳ барои зинда нигоҳ доштани номи неки гузаштагон ва махсусан падару модари худ макони зисти ятиме, оилаи бесаробонмонда ё камбизоату маъюберо обод созад, роҳеро таъмир намояд, ба маҳалле об барорад, дар бунёди муассисаи таълимиву тиббӣ ё дар таъмири он саҳм гузорад, бо ташкили коргоҳе ҷойи кор таъсис диҳад ё дигар амалеро анҷом диҳад, ки ба дигарон манфиат бахшад ва савоби ҷория дошта бошад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ин корҳо нисбат ба баргузории ҳар гуна маъракаҳои ёдбуд, оростани дастархони зоҳирпарастона ва исрофкорӣ, албатта, савоби бештар доранд. Ба мардуми ниёзманд, аз қабили ятимону маъюбон, беморону бесаробонмондагон ва дигар шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз кардан дар Қуръони карим ҳамчун омилҳое зикр шудаанд, ки сабаби хушнудии Худо мегарданд.

«Дар ин бобат Худованд дар ояти 160-уми сураи Анъом ба таври мушаххас мефармояд: «Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, подоши ӯ даҳ баробар аст…»,- мисол оварданд Президенти мамлакат. Пайғамбари ислом вобаста ба ин масъала дар як ҳадиси худ фармудааст: «Вақте банда мемирад, амал (ва ҳар робитае, ки бо дунё дошт), аз вай қатъ мегардад, ғайр аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки мавриди истифодаи дигарон қарор гирад ва фарзанди неке, ки барои ӯ дуо кунад»».

Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардум, аз ҷумла ҷавонон даъват намуданд, ки дар зиндагӣ кӯшиш намоянд, ки амалҳои хайри ба манфиати ҷомеа равонашуда ва ба рушди донишу маърифат нигаронидаро анҷом диҳанд ва муҳимтар аз ҳама, ба падару модари худ хизмат кунанд, ризоият ва дуои неки онҳоро гиранд, то ин ки умри бобаракат бинанд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 9, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд