Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаи худ бошем. Чунин даъват намуданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба муносибати иди саиди Фитр.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо бояд бештар дар фикри тарбия ва таъминоти фарзандонамон бошем, онҳоро тавре тарбия намоем, ки соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, ба давлату миллат содиқ бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд, иродаи мустаҳкам дошта бошанд, сарзамини аҷдодии худро дар оянда соҳибӣ ва обод карда тавонанд, созанд, бунёд кунанд».
«Барои ин зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба илму маориф рӯ оварад ва ба таҳсили фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва босаводу соҳибмаърифат гардонидани наврасону ҷавонон эътибори аввалиндараҷа диҳад»,- иброз доштанд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки «мо бояд фарзандонамонро тавре тарбия кунем, ки номбардори падару модар бошанд, обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд, на ин ки боиси доғдор шудани номи неки миллати тоҷик гарданд.Чунин рафтори нангин ба шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик муносиб нест».
«Пас биёед, фарзандонамонро дуруст тарбия кунем, онҳоро илму дониш ва одобу ахлоқи ҳамида омӯзонем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, ки оянда, яъне баъди сари мову шумо дар зиндагӣ азият накашанд ва роҳгум назананд»,- чунин ҳидоят намуданд Сарвари давлат.
АКС аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






