Эмомалӣ Раҳмон: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид»

Апрель 12, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд, ки 11 апрел дар маркази маъмурии вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки навсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, Осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ин ҷумла мебошанд.

«Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб», ба ҳар оилаи мамлакат дастрас гардонидани китоби «Тоҷикон»–и Бобоҷон Ғафуров, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғат аз дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд»,- иброз доштанд Пешвои миллат.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, ҳоло ин ёдгориҳо барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардуми мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон хизмат менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид