ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро зиёда аз 100 фоиз иҷро намуданд

Апрель 1, 2024 12:19

РАШТ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ  даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%,  Лахш 100%, Тоҷикобод 100%,  Нуробод 100% ва Рашт  100  фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон  ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро гусел намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси  ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки “таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи ҳар пора хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллат барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Мо аз падарону модарони азиз сипозгузорем, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Ин аст, ки ҳамасола ҷавонписарони минтақаи Рашт масъулият ҳис намуда,  ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд”.

Модари даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод Фотима Кабирова гуфт, ки “ман фарзандамро баҳри ҳимояи Ватани азизам тарбия намуда, имрӯз бо хушнудию хурсандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоям. Бояд падару модарон фарзандонашонро тавре тарбия намоянд, ки ба ҳифзи нангу номуси миллату Ватан ҳамеша омода бошанд. Чунки ҳимояи Ватан-Модар ва шарафу номуси мо, модарон барои фарзандон қарз аст”.

Дар ҳамоиш ба 140 наваскаре, ки даври ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд. Бояд гуфт, ки 30 даъватшаванда аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва 110 нафар аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт даври ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хонда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб  шуданд.

Хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт дар ин маъракаи ватандӯстона бо масъулияти баланди инсонӣ  барои намунаи ибрат гардидан фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.

Даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Абдукарим Соимов ба ҷавонони ҷумҳурӣ гуфт, ки “ман пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравам. Ба фикри ман, ҳимояи давлату миллат  бояд номуси ҷавонмардии ҳар ҷавон  бошад. Аз ин рӯ аз ҷавонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки ҷавонмарду  баномус  бошанд ва ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шаванд”.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2024 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»