ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академия.
Дар конференсия таъкид шуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дастгирии илм ва махсусан олимони ҷавон яке аз авлавияти хоси сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, заҳмату талошҳои пайгиронаву пайвастаи Пешвои миллат дар самти сиёсати ҷавонон воқеан арзанда маънидод мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон якчанд санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, фаъолияти онҳо дар шароити нави муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуд. Аз ин лиҳоз олимони ҷавонро мебояд, ки дар самти муайяншудаи илм корҳои илмиву таҳқиқотиро вусъат дода, ба қуллаҳои баланди илмӣ расида тавонанд. Тавре ки Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, «ҷавонон ояндаи миллат мебошанд!».
Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






